БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ШАФФОФ – ИН КАФИЛИ ЯГОНАГӢ ВА ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу  ташвиқи  Барномаи  ҲХДТ  ва  номзади  ҲХДТ  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлиси  маҳаллии  вакилони  халқ  дар  ҳудуди  участкаҳои  интихоботии  ноҳияи  Темурмалик     вохӯрии    кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли  аҳолӣ”  баргузор  гардид.  Сароғоз роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар  бораи   Паёми  навбатӣ   суханронӣ карда, гуфт, ки  бо  мақсади  рақобатпазир  гардонидани  соҳаи сайёҳӣ  дар  бозори  ҷаҳонии  сайёҳӣ  моро  зарур  аст,  ки  мутахассисони  забондон,  донандаи  фарҳангу  таърих  ва  технологияҳои  муосирро  омода  кунем,  кормандони  ширкатҳои  сайёҳӣ,  роҳбаладҳо,  тарҷумонҳо  ва  дигар  мутахассисони  соҳаро  мутобиқ  ба  талаботи  бозори  сайёҳӣ  ба  воя  расонем.  

Ҳамзамон, мавсуф  дар  бораи  фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи  таъйин  намудани  интихоботи  даъвати  нави  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ”  аз  4 – уми  декабри  соли  2019,  №1380    суханронӣ  намуда, қайд кард, ки интихоботи  демократӣ  ва  шаффоф - ин   кафили  ягонагӣ  ва  пойдории  сулҳу  субот мебошад.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg