БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ДАСТУРЕСТ БАҲРИ БУНЁДКОРӢ ВА СОЗАНДАГӢ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Парафшон»-и шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор карда шуд, ки дар он аъзои гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал доданд.

Зимнан дар рафти чорабинии мазкур қайд гардид, ки воқеан Паёми навбатии Пешвои миллат инъикосгари дастоварду комёбиҳои миллат, идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аст, ки ҷомеаи моро ба ҳадафҳои бузург ва амалисозии орзуву ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва миллати ватандӯсту худогоҳ, хештаншиносу матинирода хоҳад расонд.

Инчунин, барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ташвиқ карда шуда, қайд гардид, ки барномаи пешазинтихоботӣ аз ҳадафҳои асосии Барномаи ҳизбӣ сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Қисмати охири мулоқот бо саволу ҷавобҳои тарафайн ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg