ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯсти дар ташкилоти ибтидоии деҳаҳои «Гулрез ва Чаманистон» бо мардуми деҳот суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти суҳбат масъулин оид ба самтҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои дар он зикршуда, аз ҷумла соҳаҳои муҳими ҷомеа – молия, андоз, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, саёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ, гумрук ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2020 мушаххас гардиданд, ибрози андеша карда, таъкид намуданд, ки мо метавонем дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем ва дар шукуфоии Ватани азизамон заҳмат кашем.
Инчунин, дар идома зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ғояҳои сиёсию иҷтимоии онро аксари мардум ҷонибдорӣ мекунад, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ, бо дарки масъулияту қудрати зеҳнии аъзоёнаш ва дастгирии неруҳои дигари сиёсию ҷамъиятӣ барои бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, барқарор намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ширкати фаъолона намуда, дар ташкили сохторҳои нави давлатӣ саҳми арзанда мегузорад.