ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаӽраки «Ӽулбук» бо аъзо ва ҷонибдорони ӼХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки шукр аз истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, оромию осудагӣ, ки дар пайи талошҳои Сарвари хирадманди давлат ва заҳмати содиқонаи мардум Тоҷикистон рӯз ба рӯз рушд мекунад, зебою шукуфон мешавад садҳо корхонаҳои бузурги саноатӣ ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ қомат меафрозанд ва зиндагии мардум беҳтар мешавад.