БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилоти ибтидои “Назорати фармасевтӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба сухан баромада, қайд намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳои шифобахши ватанӣ дар табобат, беҳтар шудани механизми таъминот бо доруворӣ, сифат ва таъсирбахши маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ҳама бояд якдилона кор барем.