Муттаҳидии халқ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

 ХУРОСОН. Бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз, раиси деҳаи «Борбад» Холов Убайдулло дар деҳаи «Борбад»-и ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон бо сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат оид ба самтҳои афзалиятнолкӣ фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Дар охири вохӯрӣ дар деҳаи «Борад»-и ҷамоати деҳоти Кизил-калъаи  ноҳия ташкилоти ибтидои ҳизбии «Борбад» таъсис дода шуда, Нурмаҳмадов Каримҷон раиси ташкилоти ибтидои интихоб карда шуд. Пеш аз баргузории вохӯрӣ ба иштирокчиён маводҳои таблиғоти дастрас карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg