БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРУИ ТАВОНОИ КИШВАРАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад»- иброз дошт дар мулоқот бо хонандагони муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Панҷ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи мазкур. Ҳамчунин қайд намуд, ки Сарвари давлат дар ҳама Паёмҳои хеш ба ҷавонон эътимоди комил доштанашонро иброз доштаанд.   

Дар ҷараёни суҳбат оид ба маъракаи муҳими кишвар – интихоботи вакилон ва Барномаи пешазинихоботии ҲХДТ сухан рафт. Қайд шуд, ки ҷавонон бояд саҳми арзандаи худро барои дар сатҳи дуруст баргузор намудани он  гузоранд ва ба ҷонибдории ҳизбе, ки ҳамеша бо мардум аст, овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg