БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАВОН

КӮЛОБ: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақшаи кории ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Кӯлоб масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо интихобкунандагони ҷавон вохӯрӣ доир карданд.

Дар рафти суҳбат намояндаи Кумитаи иҷроия баромад намуда, оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштироки ҷавонон дар интихобот ва дигар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ фикру ақидаҳои хешро баён намуданд. Аз Паём ёдовар шуданд, ки  “Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд”. Ин дасгириҳои Пешвои миллат моро водор месозад, ки зимни маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаолона иштирок намоем ва бо ин васила дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми худро гузорем - иброз доштанд баромадкунандагон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg