Ҷ. БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии масъулини КИ ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид.