КУШОНИЁН. Дар доираи эълон гардидани Соли 2020 соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 масъулини Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо гуруҳҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо сокинони деҳаҳои Навобод ва Ваҳдат вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки Паём Президенти мамлакат дастурамалӣ корӣ барои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ буда, барои имрӯзу фардои кишвар, пешрафту ободии Ватан татбиқи ҳар бандӣ он амри зарурист. Мо сокинонро зарур аст, ки ҳар кадоми мо аз \паёми Президенти мамлакат вазифаҳои худро гирифта баҳри татбиқи он самарнок аз ҳар фурсати муносиб истифода барем ва дар рушду нумуи мамлакат саҳми худро гузорем.
Дар идомаи вохӯрӣ қайд кард, ки санаи якуми марти соли равон дар ҷумҳурӣ интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад, ки дар он ҳизбҳои сиёсӣ бо барномаи муккамалӣ худ номзадҳои худро пешниҳод мекунанд, аз ҷумлаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо барномаи худ дар интихобот номзадҳои худро пешбарӣ кардааст. Сипас, мухтассар муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро ба ҳозирин шарҳ доданд ва ба иштирокдорон тавсия доданд, ки ба номзадҳои ҲХДТ овоз диҳанд.