КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Саодат" вобаста ба самтҳои афлалятноки фаъолияти ҲХДТ ва муаррифи намудани Барномаи пешанинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Саодат" Намозов Ҷамшед иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ Фирӯзи Саидмӯъмин ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона шудааст.
Дар идомаи суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Саодат" Намозов Ҷамед қайд намуд, ки Президенти кишвар дур шудани наврасону ҷавононро аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда арзёбӣ карданд. Таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон: "Наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд". Аз ин рӯ, барои тавсеаи тафаккури техники насли наврас эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" такони хубе хоҳад шуд.