КӮЛОБ. Бо иштироки намояндагони КИ ЊХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар МТМУ №1-и шаҳри Кўлоб бо иштироки интихобкунандагони ҷавон ҷиҳати тарғиби Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї ва Барномаи пешазинтихоботии ЊХДТ љамъомад баргузор гардид.
Вохуриро мудири шуъбаи кор бо љавонони КИ ЊХДТ дар ш. Кўлоб оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтњои афзалиятноки фаъолияти хоҷагии халқро дар бар гирифта, зимни Паём Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад”
Дар ҳамин аснод аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки љињати иштирок дар ин маъракаи сиёсї бетараф намбуда, барои интихоби номзади арзандаи хеш сањмгузори намоянд. Иштирокчиён низ дар ќисмати анљоми мулоқот ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қаноадбахш гирифтанд.