БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БЕНАЗИРАНД

КӮЛОБ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Эколог" ва "Табиат" бо мақсади дар сатҳи баланд тарғибу ташвиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу вадати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

         Дар ин ҷаласа мудири шуъбаи таблиғоот иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Садов Умар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Эколог" ва "Табиат" Неъматов Саъдуллло ва Миралиев Абдулваҳоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Нахуст, Саидов Умар ба сухан баромада, афзуд, ки дастуру супоришҳои дар Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида мо фаъолон масъул месозад, ки аз ҳарвақда дида бештар ҷаҳду талош намоем ва мардумро ба роҳи дурусти созандагӣ ҳидоят намоем.

Аз ҷониби иштирокдорон низ нисбат нуқтаҳои Паёми Сарвари давлат ибрози назар гардида, ҳамзамон ваъда доданд, ки мо кормандони соҳаи ҳифзи табиат ҳамеша ташаббусҳои Пешвои миллатро, аз ҷумла вобаста эълон шудани Даҳсолаи байналмиллали амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” корҳои тарғиботиро бештар менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg