БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲАМЕША МАНФИАТҲОИ ХАЛҚРО ҲИМОЯ МЕНАМОЯД

АНДЕША. Дар муддати на чандон зиёд ҲХДТ марҳилаеро тай намуд, ки ба чандин даҳсолаҳо баробар аст. Муссалам аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳизби фаъолу бонуфуз дар байни мардум мақому манзалат ва обрӯи калонро касб намудааст. Ҳизб чунин афзалиятро тавассути барномаҳои ҳадафманду созанда доштааш соҳиб гардидааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша аз манфиатҳои халқ ҳимоя карда, пайваста кушиш бар он менамояд, ки ба мардум зиндагии шоистаро таъмин намояд. Маҳз наздик будан бо халқ ва боварии онро соҳиб будан, имконият дод, ки маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла интихоботҳои парлумонӣ ва президентиро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намоем.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додааст.

Бояд гуфт, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб низ дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ҳамеша дар роҳи созандагӣ қадам гузошта, бо мардум робитаи ногусастанӣ дорад ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллии мардум пайваста суҳбату мулоқотҳо ташкил ва доир менамоянд.

Ҷои зикр аст, ки яке аз бахшҳои муҳимми сиёсати Пешвои миллат ин роҳандозии сиёсати давлатии ҷавонон аст, ки мақсад аз он дастгирии ҳамаҷонибаи ин қишри муҳимми ҷомеа мебошад. ҲХДТ низ ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо барномаҳои амалиро рӯи кор овардааст. Инчунин, ҲХДТ дар масъалаи тақвият бахшидан ба тарбияи кадрҳои болаёқат, омода намудани заминаҳои моддиву техникии тадқиқоти илмӣ, ҳамкории бахшҳои илму маориф ва пайвастани илму истеҳсолот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва дар амри амалӣ шудани ин ҳадафҳо бевосита саҳмгузорӣ менамояд.

Вазъияти мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва афзудани таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ба ҳар яки мо, бахусус фаъолони ҳизбро ҳушдор медиҳад, ки самти фаъолияти худро танҳо баҳри ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ,  ваҳдату ризоияти миллӣ  ва дар ин росто, тарбия намудани  ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба аризишҳои миллию давлатӣ, ҳисси ифтихор аз доштани чунин давлату кишвар, пеш аз ҳама роҳбару Пешво, ки кафили сулҳу амният ва гарави ҳама гуна пешравиҳост, равона созем.

 

 

Маҳумдов Нурулло – номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg