БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ҶАВОНОН ФАЪОЛОНА ШИРКАТ МЕВАРЗАНД.

КӮЛОБ. Тибқи нақша чорабиниҳои кории ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ бо интихобкунандагони ҷавон  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -  бо  иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо ҷовонони  КИ ҲХДТ дар   ш. Кӯлоб  Саидов Насим  дар назди интихобкунандагон баромад намуда, ҷиҳати тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстию  хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, илмомӯзӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбати падару модар, ҳамчунин,  оид ба  хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд .

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ   нисбати ҷавонон ва дастгирии онҳо дар ҳама соҳаҳо  суханронӣ намуда, ҷавононро нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи давлату миллат арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоби парлумонӣ, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg