БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОӢ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин, вобаста ба муаррифи намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва иштирок намудан дар маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи парлумонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ёрии таъҷилӣ"  вохӯрӣ баргузор гардид.

         Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ёрии таъҷилӣ" Бобоев Комил иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Сарравал Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромад, таъкид намуд, ки Паём дастурамалӣ муккамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ба ҳар як шаҳрванд роҳнамоӣ асосии зиндагӣ мебошад.

         Инчунин, дар рафти маҷлис котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ёрии таъҷилии" Бобоев Комил баромад карда, қайд намуд, ки барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ хубтару беҳтар ба роҳ монем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg