БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНИ СОҲИБВАТАН- ПОСДОРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ АСТ!

АНДЕША. Яке аз рукнҳои фарҳанги миллиро либоси миллӣ ташкил медиҳад. Либоси миллӣ дар баробари забон таҷассумгари ҳастии миллат ва шиносномаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон аст. Ҳар миллатро бо либос, фарҳанг ва урфу одаташ мешиносаду эътироф менамоянд. Имрўз атласу адрас ва чакани тоҷикӣ дар миқёси олам машҳур гардида, ҳамчун хос ва зеби бонувони тоҷик эътироф гардидааст.

Мутаассифона, солҳои охир  дар миёни бонувони тоҷик пушидани ҳаргуна либосҳои  аврупоӣ, туркӣ, арабӣ, авғонӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз чунин проблема миёни занону духтарони тоҷик ин пушидани ҳиҷоб мебошад, ки  ин либос хоси миллати тоҷик набуда, занони мо онро аз рўи ҳавову ҳавас ба бар менамоянд.

Дар урфият гуфтаанд, ки агар ҳар миллатеро нест кардан хоҳӣ аввал фарҳангашро нест намо.

Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, пешгирии фарҳанги либоспўшии бегона бо ҷалби занону бонувон пайваста вохӯриҳо доир карда мешавад.

 

 

Раҷабова Муҳайё –номзад ба вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи интихоботии № 3

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg