БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ - КАФИЛИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “деҳаи Шаҳбур” бо иштироки Каримзода Пирмуҳаммад - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷараёни  сӯҳбат оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, иброз доштанд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.

Дар идома оиди шаффофияти  маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи дар пеш истода Каримзода Пирмуҳаммад ба сокинони деҳа маслиҳату дастурҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg