БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша - чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “деҳаи Сафоруд” бо иштироки Каримзода Пирмуҳаммад - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Мизробова Шаҳло мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  миёни  сокинони деҳа ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии деҳа сӯҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни   сӯҳбат масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, оид ба барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карданд. 

Иштироки фаъолонаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ва мусоидат бобати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, дар назди интихобкунандагон ва аъзоёнашон дар ин чорабинӣ вазифагузорӣ шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg