ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати шаҳраки «Шаҳритуз», «Сипарони Ватан», «Бозори Пайванд», «Бозори Ином», «Идораи барқ», «Ҷамъияти Матлубот» ва ҶСШК «Пахтаи Шаҳритуз»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки 302 нафар интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.