ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барономаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 бо сокинони маҳаллаи №1 шаҳраки Фархор мулоқот баргузор намуданд.
Зимни баромад масъулин оид ба масъалаи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ дар панҷ соли гузашта дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саҳми худро гузошта, минбаъд низ шуғли пурмаҳсул тавассути баланд бардоштани сифати бозори меҳнат, рушди соҳаҳои саноати коркард, кам кардани шумораи бекорон, махсусан дар деҳот дигаргуниҳои сохторӣ ва идоракунии самарабахши муҳоҷирати меҳнатро вусъат дода мешавад. Дар идомаи суҳбат аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободониро ба роҳ монда, дар доираи имконияташон ба оилаҳои ниёзманд, ятимону берарасторон, маъюбону барҷомондагон кумак расонанд.