БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДУРНАМОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ НАЗДИКРО МУАЙЯН НАМУД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Навбунёд» мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки Паёми имсола аз Паёмҳои пешин фарқи куллӣ дошт. Дар он ҳама паҳлуҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷии он аз назари имрӯзи ҷаҳон таҳлил карда шуда, дурнамои Тоҷикистон барои солҳои наздик муайян гардид. Ҳамзамон баланд шудани сатҳи маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақапулӣ ва идрорпулӣ барои донишҷӯёнро аз ҳадафҳои хуби Ҳукумати кишвар дар ҳоли бӯҳрони ҷаҳонӣ маънидод намуданд.

Инчунин, оид ба ҷалби шумораи бештари аҳолӣ бо барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, касбу ихтисосҳои замонавии ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир ва фарогирии ҳарчи бештари дастрасии духтарон ва занон ба таҳсил суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg