ФАРХОР. Ба истиқболи сазовор ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Меҳробод»-и Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор бо бо иштироки сокинон дар ҳудуди деҳа тақрибан 2,5 км роҳҳои дохилӣ сангфарш карда шуда, онҳо ният доранд, ки то истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми роҳҳои деҳаро сангфарш ва чароғон намоянд.