ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Гулдастон” баргузор гардид.
Зимни мулоқот, масъулин дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат иброз андеша намуда, қайд карданд, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020 – 2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд, ки ин барои баланд бардоштани савияи дониши таълимгирандагон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Сипас, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба ҳамагон фаҳмонида шуда, барои иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёии интихобот, ки санаи 1 марти соли равон доир мегардад, ҳидоят карда шуданд.