БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

АНДЕША. Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, бо шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад. Воқеан, истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, махсусан ҳар як узви ҳизби мо онро қадр карда, ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намояд. Ин аст, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо дарназардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза амал карда, ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон -Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар менамоянд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”. Ин суханони Пешвои миллат шиори мо ҳизбиён дар роҳи ватандӯстиву созандагист.

Мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардидааст. Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ қарор дошта, бо сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайгиронаашон дар даврони соҳибистилолӣ халқ ба орзуи деринтизори худ расид. Дар ин миён суханони пуразиши Сарвари давлатро мехоҳам ёдрас намоям, ки чунин гуфтанд: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”. Соли 2018, дар арафаи солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам агрегати аввалини НБО-и “Роғун” ба истифода дода шуд. Соли 2019 бошад, агрегати 2-юми НБО-и “Роғун” ба кор дароварда шуд, ки ба кор даровардани он натанҳо барои мамлакати мо балки барои рушди давлатҳои минтақа низ мусоидат хоҳад намуд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Зимни сафарашон Сарвари давлат дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб иншоотҳои гунони иҷтимоию маиширо ба истифода доданд, ки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ободу зебо шудани Кӯлобшаҳри бостонӣ нақши созгор гузошт. Дар баробари ин набалки дар шаҳри Кӯлоб, инчунин, дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон аз ин дида боз шукуфонтар мегардад.

Ҷои пӯшида нест, ки дар тӯли 25 соли фаъолият ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Мардумро зери як ақида муттаҳид намуда, онро ба роҳи дурусти созандагӣ ҳидоят карда истодааст.

Бо итминон метавон гуфт, ки ҲХДТ дар доираи Барномаи худ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” барои солҳои 2020-2025 ҳадафҳояшро ба манфиати давлату миллат равона карда, барои рушду нумуъ ёфтани Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.

 

Қурбонзода Наргис, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg