БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ТАРҒИБГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛИАНД!

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаъолнокии занону бонувон дар маъракаи интихоботӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ бо иштироки занону бонувони ташкилоти ибтидоии “Чойхона”-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба самтҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии  вилояти Хатлон “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, иштироки фаъолона дар интихобот, тарғиби арзишҳои миллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg