ЁВОН. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон маҷлиси назоратии назди раиси Кумита баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дар Ситоди вилоятии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ бояд фаъолтарин ниҳод дар давраи маъракаи пешазинтихоботӣ бошад ва тавонад, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро миёни мардум муаррифӣ намояд. Аъзои ситод бояд фаъол бошанд. Ҳамзамон масъалаҳои пешниҳоди нозирон аз ҷониби ҲХДТ дар 64 участкаҳои интихоботӣ, пешниҳоди вокунишҳо аз ҷониби номзадҳо, баррасии паҳлуҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” истиқболи сазовори ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша карда шуд.