АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ва ба халқи шарифи Тоҷикистон ироа мегардад, раҳнамову раҳбари мо, роҳкушову дурнамои мо гаштааст. Бо матраҳ намудани масъалаҳои гуногунҷанбаи соҳаҳои кишвар Президенти мамлакат соли тақвимиро натиҷагирӣ карда, дурнамои давлату Ҳукуматро ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Паём чун барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои давлатӣ, умуман мардуми Тоҷикистон буда, дар он дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат зикр мегардад ва тамоми ниҳодҳо онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Мусаллам аст, ки Пешвои миллат дар Паёми худ сиёсати дохилию хориҷӣ, нақшаю дурнамоҳо ва амалишавии Барномаҳои милливу давлатиро, барои солҳои оянда муайян месозанд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, аз Паёмҳои солҳои қаблӣ бо якчанд хусусияти худ фарқ мекард. Яке аз ин хусусиятҳо, аз нигоҳи мо, он буд, ки Пешвои миллат бо овардани мисолу намунаҳои 7 соли охир изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вале ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин росто ҳеҷ гуна ҳисоботу гузориш лозим нест, зеро бо чашми сар дида истодаанд, ки Тоҷикистон дар зарфи 7 сол, ҳар рӯзаш аз дирӯзаш фарқ дорад ва бешак ба кишвари рӯ ба тараққӣ мубаддал гашта истодааст.
Дигар хусусияти фарқкунанда он буд, ки аз Паёми имсола оҳанги қаноатмандӣ, миннатпазирӣ, самимияти хоса хуб ҳис гардида, дар баробари баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодии мамлакат оид ба рушди соҳаҳои мустақил, бартараф намудани мушкилиҳову камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳо дода шуда, бо изҳори қаноатмандӣ, ризоият, миннатпазирӣ, самимияти хоса Президенти кишвар бо суханони нек дар се маврид ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан соҳибкорони бонангу номуси миллат, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои давлат саҳми арзанда доранд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Пешвои муаззами миллат дар сиёсати худ маорифро, ки яке аз рукнҳои меҳварии давлатдории миллӣ ва яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад, дар ҷои аввал гузоштаанд. Ин аст, ки муносибати хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи маориф аз Паёмҳои эшон, ки дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ ва ба халқи шарифи Тоҷикистон ироа мегардад, метавон мушоҳида кард.
Паёми имсола, ки бештар ба соҳаи маориф ва маънавиёту иҷтимоиёти аҳолии кишвар бахшида шуда буд, дар назди аҳли маориф вазифа гузошт, то ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар дода, ҷиҳати тақвият бахшидани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон, дар замири онҳо бедор кардани меҳри китобдӯстӣ ва мутолиаи асарҳои бадеиву илмӣ чораҳои амалию зарурӣ андешанд:
Ба андешаи мо таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бесабаб нест ва ҳатман самараи неке ба бор хоҳад овард, зеро бо гузашти вақт исбот шудааст, ки ҳар як ташаббус ва ибтикори дурандешонаи эшон тасмими оқилона будааст. Дар ин самт Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар соли 1997 роҳандозӣ гардид ва даҳҳо ҳазор духтарону писаронро соҳиби касбу ҳунар намуд, далели шоеъ буда метавонад.
Бо ибтикороти дурандешонаи навбатии Президент солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”элон гардид.
Маврид ба зикр аст, ки рушди соҳаи маорифро бе китоб ва нашри маводи таълимии босифат наметавон тасаввур кард. Дар ин самт маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни таҳриккунандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки дар соли 2019 эълон ва аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа истиқболи самимӣ пайдо намуд, қадами муҳим буд. Ин озмун мавқеи китобу мутолиа, аз бар намудани осори манзуму мансурро дар ҷомеа баланд бардошт ва бори дигар собит кард, ки халқи тоҷик халқи китобдор ва китобхон мебошад. Ин озмун, ки бо Амри Президенти кишвар дар соли 2019 баргузор гардид, аз ҷониби Президент дар Паёми навбатиаашон таҳлили ҳамаҷониба ёфта, оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳату дастурҳои мушаххас низ дода шуд ва баргузории он ҳамасола ба нақша гирифта шуд.
Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷаҳонӣ буда, ҳамзамон оид ба самтҳои ҷудогонаи сиёсати кишвар муносибати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар самти об.
Бояд қайд кард, ки 21-уми декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид Қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид қабул намуд.
Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод карда шуда буд. Ин ташаббус дар ҳадафи шашуми ҳадафҳои рушди устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масълаҳои сифати об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи чаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидӣ мавзӯи об шинохта шудааст.
Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028, яъне дар Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об ба анҷом мерасад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 кӯшиш ба харҷ дода, ташаббуси пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба амалӣ шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 пуштибонӣ намоем.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми сиёсии давлатдорӣ ҳуҷҷати расмӣ ва роҳнамоест дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон, ки тамоми ниҳодҳо дар амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои дар он зикршуда муаззаф буда, баҳри рӯ ба тараққӣ ниҳодани Тоҷикистони азиз саҳми бориз мегузоранд.
Зоиров Саймухтор,номазад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Дӯстӣ аз ҲХДТ