ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ намуда буданд, дар ташкилоти ибтидоии «Файзбахш» вохӯрӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар участкаи интихоботии № 19-22 оид ба Паёми Пешвои миллат, ҳамзамон масъалаҳои корҳои пешазинтихоботии интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок ва суханронӣ намуда, сокинонро барои дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ раҳнамоӣ кард.