БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ФАРДО!

АНДЕША. Санаи 26 декабри соли 2019 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Паёми навбатии Пешвои миллат, ки фарогири таҳлили ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва амниятии кишвар мебошад, бо зикри асоситарин дастовардҳои муҳиму таърихии соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Мавриди истифода қарор дода шудани чархаи дуюми иншооти тақдирсози миллат-НБО «Роғун» яке аз руйдодҳои муҳими соли 2019 ба ҳисоб меравад. Чунончи дар Паём Пешвои миллат қайд намуданд “Дар сурати бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад”. Нуқтаи дигарро низ Пешвои миллат дар маросими ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун баён доштанд “Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад”

Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетика таъкид шуд, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019-ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт-соат) афзоиш ёбад.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки баъди расидан ба ин ҳадафҳои миллиамон ҳисси ифтихори мардум аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам боло хоҳад рафт. Ҳамгоми вохӯриву суҳбатҳо бо мардум далели ин гуфтаҳоро мо дар гуфтор, рафтор ва чеҳраи ҳар як сокини меҳан мешунавем, мебинем ва мехонем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад. Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, ҳамзамон, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Масъалаи дигаре, ки дар Паём зикраш рафт ин сатҳи камбизоатӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат қайд карданд сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Аз масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим, ки дар Паём баён гардид, ин масъалаи обу экология буд. Дар ин радиф мо вазифадорем, ки амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоем.

Дар идомаи Паём зикр гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин маврид дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем”.

Имрӯзҳо тавре мебинем ҷиҳати рушди маҳал дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, хусусан дар шаҳри Бохтар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Албатта дар шароити имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ ҳеҷ як сохтори давлатию ҷамъиятӣ наметавонад бидуни таъмини шароити зарурии моддию техникӣ фаъолияти дилхоҳу самарабахш дошта бошад. Аз ин рӯ, сохтори шаҳрии ҳизб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, бо дастгирии фаъолони ҳизб тариқи ҳашар оғоз намудани сохтмони бинои маъмуриро дар мадди аввали фаъолияти худ қарор додааст. Аз ҷумла, бахшида ба ин санаи мубораки миллӣ сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оғоз гардида, бо маром идома дорад.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва умуман шаҳрвандонро лозим аст, ки корҳои хайру сахои худро ба ободонии маҳал ва такмил додани инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳӣ, пеш аз ҳама инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ сафарбар намоем. Дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз роҳи сафарбар кардани сокинон ва соҳибкорон ба бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ аз қабили сартарошхона, ҳаммом, дуконҳои ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намоем. Бо ҷалби аҳли ҷомеа дар тозагиву покизагии ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои наздик ба он мусоидат намуда, бо ҷавонон дар мавриди риояи рафтору муносибатҳои дурусти муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоем ва ғайра.

Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботҳои дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Тавре дар Паёми Пешвои миллат гуфта шуд, ки “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад”.

Аз ин лиҳоз, мо ҳизбиён ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош намоем, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд, зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз иштироки фаъолонаи мардум ва интихоби вакили арзанда вобаста аст.

Қисмати ниҳоии Паёми имсоларо ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ташкил дод, ки дар рафти он масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, кафолати ҳамаҷонибаи адолати судӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои терроризму экстремизм баррасӣ карда шуданд. Вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардида моро вазифадор менамояд, ки бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва ғайра мубориза барем. Саъю кӯшишро пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар сафарбар созем. Дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро баланд, намоем, нақши онҳоро дар таъмини оромиву субот ва ҳифзи марзи давлатӣ тарғибу ташвиқ намоем.

Мо кормандони масъули ҳизбиро мебояд дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳамзамон дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои Барнома ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таъмин кунем.

 

Иброҳимзода Н.А.-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg