АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ дар муддати 25 соли арзи ҳастӣ намудан дар фазои сиёсии мамлакат тавонист, ки ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистонро хоста гардонад. Ин ҳизби меҳварӣ исбот кард, ки аз умқи дили мардум маншаъ гирифта, дар самти рушду пешрафти хоҷагии халқи мамлакат ба мардуми Тоҷикистон такя менамояд ва асоси мавҷудияти онро мафкураи халқу миллат ташкил медиҳад.
Шояд ин ҳизб дар кишвар ягона ҳизбе ҳаст, ки тамоми аққалиятҳоро дар пояи арзишҳои динию фарҳангӣ ба ҳам муттаҳид месозад ва миёни омма дар масъалаи мансубияти нажодию динии инсон тафриқаандоз нест. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз тамоми сокинони кишвар дар симои ҳар як узви ҳизб ояндаи дурахшони Ватану мардуми Тоҷикистонро мебинанд ва ба оянда ба як ҳисси масъулият нигоҳи гарму самимона доранд.
Воқеан, ҳар як шахси солимфикр имрӯз ба хубӣ эҳсос мекунад, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти ҳама имконоти мамлакат роҳандозӣ ва бо назардошти мафкураи сиёсии мардум амалӣ мегардад. Зеро мардум аллакай дар ростои давлатсозии навини Тоҷикистон ҷаҳду талошҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро комилан эҳсос кардаанд ва аз ин сиёсат ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Мусаллам аст, ки то имрӯз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон тибқи барномаи амали ҳизб он мушкилоти аввалиндараҷае, ки дар ростои давлатсозӣ буд, ба куллӣ ҳаллу фасл кардаанд. Бахусус, дар масъалаи оромию осудагии мардуми кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикии кишвар дар заминаи барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи мо имрӯз комилан ҳалли мусбии худро ёфтанд.
Метавон бо боварӣ гуфт, ки ин ҳизби меҳварӣ дар муддати арзи ҳастӣ кардан дар фазои сиёсии мамлакат бо дастгирии сокинони сарбаланди Тоҷкистон воқеан, ба як нерӯи қудратманду тавоно табдил ёфтааст ва дар симои он мардуми шарафманди кишвар ояндаи ободу осудаи мамлакатро мебинанд.
Ба ҳамин хотир дар рӯзи баргузории интихобот ба ҳама зинаҳои мақомоти намояндагӣ ман ҳамчун аъзои ҳизб ва тамоми узви хонаводаам ба ҷонибдории номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раъй хоҳем дод. Зеро ин ҳизб як ҷузъи хонавода ва амалисозандаи умеду орзуи ҳамаи мо хоҳад буд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш!
Аҳмадзода Маҳмудҷон, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин