ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Файзбахш» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин вобаста ба Паёми Пешвои миллат баромад намуда, иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони кишварро муқаррар намуда, ба онҳо кафолат медиҳад, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёту рӯзгор фаъолу пешқадам бошанд ва баҳри бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, таъмини сулҳу амният суботкорона мубориза баранд.
Ҳамчунин, масъулин атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти маърифати ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош хоҳад варзид.