БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ КОРҲОИ МАЪРИФАТИЮ СИЁСӢ ДАР ҶОМЕА МАРОМИ ҲХДТ МЕБОШАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Сари-пул»-и ноҳия Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин вобаста ба Паёми Пешвои миллат баромад намуда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ 30-–солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтааст.

Гузашта аз ин масъулин атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 суханронӣ карда, зикр намуданд, ки Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат сиёсати давлатии ҷавононро таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии худ қарор додааст. Аз инҷост, ки ҲХДТ дар барномаи худ сиёсати ҷавононро самти асосии худ дониста, баҳри беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg