БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016- 2025 ҚАБУЛ ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии   ҲХДТ ва  номзадҳои  он ба  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳияи  Носири  Хусрав ва шарҳу тавзеҳи Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  Маҳаллаи  Мамашукури   Ҷамоати  деҳоти   Фирӯза  дар  ростои  Соли  шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ бо  иштироки  васеи  сокинон ҷаласа  баргузор  гардид.  

Масъулин дар  вохӯрӣ  баромад  намуда, қайд  карданд, ки   Дар  Паёми  имсолаи  худ  Пешвои  миллат  соли  2019-ро барои  мардуми  Тоҷикистон  соли  бобарор  муаррифӣ  намуда,  аз  дастовардҳои  соли сипаришуда  махсусан  суръати  афзоиши маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ, ки ба  баланд бардоштани  сатҳу  сифати  зиндагии  мардум мусоидат намудааст,   сатҳи  камбизоатӣ  паст  гардид.

 Барномаи  ислоҳоти  соҳаи  оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  солҳои  2016- 2025 доир  ба  таъмин  намудани  аҳолӣ  бо  оби  босифати ошомиданӣ қабул  гардида,  дар  ин  самт  корҳо  идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg