БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ

ҲАМАДОНӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Файзобод”  вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём  иброз доштанд, ки  мувофиқи  талаботи Қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, ки  масъул  ва субъекти асосии   пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошад, инчунин шаҳрвандони алоҳидаи худпешбаршуда, ки барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош мекунанд, вазифадоранд, фаъолияти худро дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд.

Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба иштирокчиёни вохурӣ муаррифӣ карда шуда, зикр гардид, ки  ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самараноки  сохторҳои  давлатӣ ва  ниҳодҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ,  идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва  ҳимояи онҳо аз зуҳуроти  номатлуби ифротгароию терроризм,  қочоқи маводи  мухаддир ва дигар равияҳо тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи  онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият аз байн бурдани сохти  конститутсионӣ  ва  вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста талош меварзад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg