ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Тагноб” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар баромад иброз дошта шуд, ки ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод шаванд. Вакили пешниҳодшудаи мо Одинаев Ҳаёт номзади арзанда аз ҲХДТ мебошад. Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт дар қабули қонунҳо ва таҳияи онҳо иштироки фаъолона кардааст. Мавсуф доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор буда, барои болоравии иқтисодиёти мамлакат саҳми муносиби худро гузоштааст. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.