БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ МАРДУМ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии "Суғурта" хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар маҷлис қайд гардид, ки таблиғот рисолати аслии фаъолияти ҳизби сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи самтҳои муайяншуда вазифаи мо ҳизбиён ин аст, ки ҷомеаро барои анҷом додани амали созандае, ки боиси пешрафти соҳаҳо ва рушди давлат мегардад, роҳнамоӣ кунем.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар шароити имрӯза, аъзои ташкилоти ибтидоии "Суғурта", ки онҳо хизматчиёни давлатӣ мебошанд, пеш аз ҳама мебояд дастурҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дуруст дарк намуда, он дастуру супоришҳои додашударо сармашқи кори худ қарор диҳанд ва моҳияти аслии онро ба мардум дуруст расонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg