БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ АРЗАНДАТАРИН ҲИЗБЕСТ БАРОИ ПАЗИРУФТАН

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолият аст ва 25 сол боз фаъолият дорад. Ин муҳлат дар ҳаёти як ҳизби сиёсӣ вақти чандон тӯлонӣ нест,  аммо мо аз таърихи сиёсии ҷаҳон аҳзоберо медонем, ки садсолаҳо фаъолият доранд, лекин мақом ва манзалати худро соҳиб нашудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли чашмаи муссафоест, ки аз он садҳо ҳазор нафар то имрӯз баҳравар гашта истодаанд. Самараи он пешрафти иқтисодиёту сиёсат, иҷтимоиёту фарҳангу варзиш, сулҳу суботи саросарӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад. Зимнан, мақому манзалати ҳизб дар ҷомеа пеш аз ҳама аз амалҳои анҷомдодаи кулли аъзо, барномаҳои созанда ва ташаббусҳои роҳбарияти он перомуни рушди иқтисоду иҷтимоиёт ва беҳдошти сатҳи зандагии сокинони мамлакат вобостагӣ дорад. Ин нуфуз ва маҳбубияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша давонда, манфиат ва хостаҳои кулли сокинони кишварро ифода мекунад. Барои ин мардуми шарафтманди тоҷик ва аз он ҷумла, ман тақдирамонро ба ин ҳизб пайвастаем ва аз он ҷонибдорӣ мекунем.

Раҳимова Маъмурбӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор аз ҳисоби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg