БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ АРЗИШИ ОЛӢ БУДАНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНДРО ЭЪТИРОФ МЕНАМОЯД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Муборак»-и Ҷамоати шаҳраки Фархори  ноҳияи Фархор вохӯрии намояндагони ҳизбӣ  баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин оид ба таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиати ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста сайю талош хоҳад кард. Инчунин, масъулин дар идомаи суҳбат нуктаҳои асосии  Паёми солонаи Пешвои миллатро ба ҳозирин шарҳ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg