БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН БАРОИ ПЕШРАФТ ВА РУШДУ ШУКУФОИИ МИНБАЪДАИ ВАТАНИ АЗИЗИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲАМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу  ташвиқи  Барномаи  ҲХДТ  ва  номзади  ҲХДТ  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлиси  маҳаллии  вакилони  халқ  дар  ҳудуди  участкаҳои  интихоботии  ноҳияи  Темурмалик  вохӯрии    кормандони Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии “Маҳалла  №10”  баргузор  гардид. 

Инчунин,  дар  мулоқот    гурӯҳи  тарғиботӣ  аз  ҳисоби  зиёиён  иштирок  дошта,     дар  бораи   Паёми  навбатии   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   баромад намуданд.

Сипас, дар ин раванд  дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва иштироки  шаҳрвандон дар интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  мулоҳизаронӣ карда шуда, ҷамъомадагон даъват гардиданд, ки интихоби дурусти мо барои рушди минбаъдаи Ватани азизамон мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg