АНДЕША. Қаблан аз баёни андеша гуфтаниям: Шукри Яздони пок, ки мо шаҳрвандон аз неъмати суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз меваҳои фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳрамандем.
Ҳамасола Паёми Пешвои миллат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар ироа мегардад.
Имсол низ маркази Ватани азизамон шаҳри Душанбе рӯзи 26 декабри соли 2019 Паёми Срвари воқеан ҳам сарсупурдаи миллату давлат ироа гардид.
Паёми навбатии Пешвои миллат бо якчанд пешниҳоду ташаббусҳо аз Паёмҳои гузашта хусусиятҳои хоси худро дорост.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар нуктаҳои хотирмон, ҷолиб ва хурсандибахш басо зиёд буданд, ки бевосита ба вазъи таълиму тарбияи насли наврас, рӯ овардан ба китобу нашри ҳарчи бештари он марбут аст, ки бевосита дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой намудан аст. «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли Модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳараки бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем…» - қайд шудааст дар суханронии Пешвои миллат, ки ин бевосита аз ҳар фарди бедордил барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷиро талаб менамояд. Ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа дода, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.
Масъали дигаре, ки солҳо боз моро ба ташвиш оварда буд, ин дур мондани ҷавонону наврасон аз мутолиаи китоб мебошад. Ҳамин вазъро ба назар гирифта, Пешвои миллат дастур доданд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба роҳ монда шавад. Барномаи озмуни мазкур баҳри болида ва ҳавасманд гардидани хонандагон ва умуман ҳар як шаҳрвандӣ ҷумҳурӣ нигаронида шуда, воситаи хуби баланд бардоштани донишу малакаи онҳо мегардад. Роҳандозӣ намудани озмуни мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз чорабиниҳои муҳим дар ҷомеа ба шумор меравад. Аз рафти озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тариқи телевизион мушоҳида намудам, ки иштирокчиён чи хурд ва чи бузург бо шавқу завқи зиёд барои баранда шудан дар озмун талош менамуданд. Боварӣ дорам, ки ҳар як тамошобин аз ин манзараҳо ифтихор намуд.
Падидаи хушҳолкунандаи дигар, ки дар Паёми Президенти мамлакат садо дод, чопу дастрас гардидани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мебошад. Вобаста ба ин Сарвари давлат дастур доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Интишор гардидани ин асари пурарзиш, дастрас ва мавриди мутолиа қарор гирифтани он, дар худшиносиву худогоҳии миллии шахрвандони ҷумҳурӣ нақши бузург дорад. Миллати тоҷик фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд аз гузаштаи пурарзиши худ огоҳ бошад.
Инчунин, аз Паёми имсола иттилоъ ёфтем, ки чанде пеш Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар бораи баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кардааст. Ҷашнгирии ин санаҳои бузурги таърихӣ дар миқёси ҷаҳон бори дигар халқи тоҷикро ҳамчун миллати соҳибмаърифату соҳибтамаддун ва шаҳрсозу шаҳрдор муаррифӣ хоҳад кард.
Кенҷаева Хайринисо, узви Гӯруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ