БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БОВАРИИ МАРДУМРО БА ЗИНДАГИИ НЕК БЕШТАР МЕГАРДОНАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ ва номзади он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилотҳои ибтидоии “Умед” ва “Наврӯз”  вохӯрии судманд доир намуданд.

Масъулин зимни баромад аз нуктаҳои алоҳидаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдвоарӣ намуда,, қайд карданд, ки соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақта дида заҳмат кашиданд.

Соли 2020 дар кишварамон маъракаҳои муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд ва бовар дорем, ки ин чорабиниҳои сиёсӣ дар доираи муқаррароти Конститутсия, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони мо доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати миллии тоҷикон ва тақвияти нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg