БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ БАРНОМАВИИ ҲИЗБ САРЧАШМА МЕГИРАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Маркази алоқаи Почта” оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми навбатии Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Сипас, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ тарғибу ташвиқ карда шуда, ҷиҳати татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, ба таври шаффофу демократӣ баргузор кардани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, иштироки фаъолонаи сокинон дар интихобот сухан гуфта шуд.

Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ ин аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg