КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бойгонии минтақа” оид ба тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бармеояд вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ суханронӣ намуда, доир ба чор самти стратегии мамлакат ва дигар масъалаҳое, ки дар Паёми худ Пешвои миллат ироа карда буданд, мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд.
Инчунин, вобаста ба паҳлуҳои дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор карда шуд.