КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии и "Шифо" вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ироа мегардад, ки дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти мамлакат дарҷ мегардад. Зимни Паём Сарвари давлат ҳамеша барои ободии Ватан дастурҳо дода, дар ин самт вазифаи ҳар як шаҳрвандро муайяну мушаххас менамоянд.
Дар идома таъкид шуд, ки мо бояд Паёми Сарвари давлатро дар пешбурди фаъолияти кории ҳамарӯзаамон ҳамчун дастурамал самаранок истифода барем. Дар амалишавии ҳар як нукта ва ҷумлаи дар Паём зикршуда пеш аз ҳама мо кормандони соҳаи тандурустӣ кӯшиш намоем, ки саҳми худро гузорем.