АНДЕША. Ҳар нафаре, ки ба мазмуни муҳтавои «демократия» назар афканад, онро ҳамчун «мардумсолорӣ» ва ё «ҳокимияти халқ» муаррифӣ менамояд. Зеро мафҳуми демократия аз калимаҳои юнонии demos - халқ ва kratos- ҳокимият ташкил ёфта, ҳангоми тарҷума ба забони тоҷикӣ маънои ҳокимияти халқро ифода менамояд.
Асосан барои дастёр гардидан ба “демократия” ва озодиву субот дар кишвар ва додани озодӣ ба халқ нақши гурўҳи хоссаи мардум ва ҳизбе бориз аст. Дар Тоҷикистони биҳиштосо низ барои таъмини озодиву субот ва ободии он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита роҳбарии онро ба зимма доранд, дар мақоми аввал меистад.
Суханҳои пурҳикмати Раиси ҳизбамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷуман ироа гардид, ба мавзӯҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар бахшида шуда, мо мутахассисони ҷавонро барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ, муҳаббати беҳамто ба Ватан, ҳушёру зирак будан ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ҳидоят менамояд.
Тайи рўзҳои охир барои мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо давраи хеле пурмасъул - марҳилаи баргузории интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки яке аз шакли беҳтарини демократикунонии ҷомеа ба шумор меравад, қарор доранд. Интихобот ифодаи олии бевоситаи халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбад. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тоқазо мекунад.
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан шараф ва мояи ифтихор аст. Мақсаду маром ва барномаи он бевосита барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатию таъмини оромиву субот дар кишвар равона карда шудааст. Обрӯву нуфузи ин ҳизби воқеан халқиву мардумӣ бо ном, кору пайкор ва андешаҳои ояндасоз, хизматҳои шабонарӯзии сиёсатмадори маъруфи асри XXI – Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии қавӣ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони истиқлолият буда, тамоми дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи пойдор ва устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғоявӣ бо номи ин ҳизби ояндасоз, нуфузу обрӯи он пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияти чорякасраи худ ва фаъолияти густурдаю хизмати содиқона ба манфиати мардум рисолаташро бо шоистагӣ иҷро намуда, ба як нерӯи тавонои созанда, роҳнамои ҷомеа, сарчашмаи афкору ғояҳои ояндасоз собит намуд.
Хурсандибахш аст, ки сафи ҳизбиён рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва пояи идеологиии он мустаҳкам мегардад. Тибқи омори расмӣ имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизи онро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҳизб имрӯз дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, ҳизбиён тамоми кӯшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, солим нигоҳ доштани мафкураи шаҳрвандон, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон равона месозанд. Зиёд гардидани шумораи занон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб ва хатарноки ҷомеа ба монанди терроризму экстремизм, амалҳои коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таккони ҷиддӣ мебахшад, ки ин нукта дар Анҷуман аз ҷониби Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид.
Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо истифода аз шуури қавии сиёсӣ дар тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб дар пасманзари дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истогарӣ намуда, сулҳу суботи бо заҳматҳои сангин бадастовардаи миллатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мардуми сарбаланди кишварро огоҳ намоем, онҳоро ба самти роҳи расидан ба фардои нек сафарбар созем. Аз тарғиби сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки моломоли ғояҳои давлатдорию ватандўстӣ мебошанд, ҳимоя ва пайравӣ намоем. Мо ҳизбиён ба сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат, Роҳбари азизу муътабари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ифодагари манфиатҳои миллӣ ва омили пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ аст бовар дорем ва он миллатро ба ояндаи неку дурахшон мерасонад. Дар партави он ҳама созандагиҳо ва ободиву суботи сартосарӣ, ки маҳз тавассути заҳматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, манфиатҳои ин ҳизб - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, дар маъракаи муҳими сиёсӣ интихобот фаъолона иштирок менамоям.
Даминзода Арафамо, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ