КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Исмоили Сомонӣ" вобаста ба муаррифӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва иштирок намудани онҳо дар маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи парлумонӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис изҳор карда шуд, ки ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешавем ва ин бесабаб ҳам нест. Зеро Паёми Президенти кишвар дорои мазмуну пурмуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф, тадурустӣ дар маҷмуъ тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст роҳнамоӣ асосии зиндагӣ мебошад.
Раиси ташкилоти ибтидоии "Исмоили Сомонӣ" афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, ки “Дар соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ ба муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад”.
Дар охир иштирокчиёни ҷаласа баромад намуда, изҳор доштанд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат моро мебояд сатҳу сифати таълимро миёни хонандагон ҷоннок намуда, нисбати онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.