БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАБУЛИ АЪЗОИ НАВ АЗ ҲИСОБИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи чашм" гузаронида шуд.

Дар суҳбат изҳор гардид, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз намуданд, ки “Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла  беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем”. Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо равона карда шудааст. Дар охир ба панҷ нафар шахсоне, ки ба сафи ҳизб пайвастанд, билетҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg