ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон пайваста ба аёдати сарбозону афсарони қисми низомии 6593-и ноҳия рафта, аз ҳолу аҳвол ва шароити хизмати онҳо бархӯрдор мегарданд.
Дар ин навбат аз ҷониби масъулини ҳизбӣ барои сарбозон як миқдор доруворӣ (ёрии аввалияи тиббӣ) расонида шуд.Ҳамзамон, намояндагони масъулин аз шароити зиндагӣ, зимистонгузаронӣ, сару либосҳои зимистонаи сарбозон дидан намуда, онҳоро ба хизмати содиқона ба Ватан намуданро ҳидоят карданд. Иқдоми неку инсондӯстонаро хизматчиёни қисми низомӣ бо хушнудӣ пазируфта, миннатдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҳизб баён доштанд.