ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва гурӯҳҳои тарғиботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонӣ» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти Кумитаи иҷроия қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида моро водор месозад, аз ҳарвақта дида бештар бояд баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмату меҳнат кунем.
Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат мавсуф оид ба баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ суханронӣ намуд.